Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсанти Академияи ВКД дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи дуюм гардид

 viber_2022-08-31_09-08-22-738

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва муайян намудани беҳтарин варзишгарон санаи 20-уми августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи гӯштини тарзи дзюдо оид ба дарёфти “Ҷоми Расул Боқиев” баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ курсанти курси 5-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Мирзоев Аюб Абдуқодирович иштирок намуда, аз худ малакаю маҳорати баланд нишон дода, соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Мавриди қайд аст, ки Мирзоев А.А. пайваста ба машқу тамрин машғул гашта, дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мегардад.
Лозим ба ёдоварист, бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар заминаи Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД шароити машғул гардидан ба гӯштини дзюдо боз ҳам беҳтар гардида, дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

 viber_2022-08-31_09-08-20-206




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика