Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мусобиқаи варзиши касбӣ - оташнишонӣ дар шаҳри Душанбе

P1090371

Тавре ба ҳамагон маълум аст, варзиш дар ҳама давру замонҳо барои тандурустӣ, чолокиву далерӣ ва ҷасурии инсон омили асосӣ маҳсуб ёфта, дар ташаккули шахсият ҷисман ва рӯҳан аҳамияти муҳим дорад.
Вобаста ба ин, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба масъалаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва омодагии рӯҳию равонии онҳо таваҷӯҳи махсус зоҳир намуда, тамоми шароитҳои зарурии барои ба варзиш машғул шудан ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои варзиширо муҳайё гардонидааст.
Дар ин замина, бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ва 6-уми августи соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи машқӣ-таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе мусобиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба варзиши касбӣ-оташнишонӣ дар байни ҷузъу томҳои гарнизонҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ баргузор гардид.
Мусобиқаро бо суханони ифтитоҳи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода кушода эълон намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки варзишгарони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар мусобиқаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ ва миёни сохторҳои қудратии мамлакат, инчунин корхонаю ташкилотҳо фаъолона баромад намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Мусаллам аст, ки варзиш барои муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад. Бинобар ин, роҳбарияти сарраёсат умедвор аст, ки варзишгарони хадамот дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ низ, ки охири моҳи сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешавад, фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳи варзишӣ ноил мегарданд ва нуфузи варзишгарони касбӣ-оташнишонии мамлакатро дар байни варзишгарони дигар давлатҳо боз ҳам баландтар мебардоранд.
Дар интиҳои баромади худ Бахтиёр Умарзода ба ҳайати доварон шафофияти рафти мусобиқа ва ба ҳамаи вазишгарон чусту чолокӣ ва сабқати ҷавонмардонаю ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтарини варзиширо таманно намуд.
Мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ оид ба тайёрии ҷангӣ ва варзиш полковники милитсия Ҷӯраев Ориф Олтинович ва сардори Шуъбаи кор бо дастаи мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Набизода низ дар баромадҳои худ табрикоту таманиёти Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро ба иштирокчиёни мусобиқа ва тамошобинон расонида, инчунин перомуни манфиату моҳияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ибрози ақида намуданд.
P1090382Боиси тазаккур аст, ки дар мусобиқа 7 дастаи мунтахаби ҷузъу томҳои гарнизонҳои ниҳод бо теъдоди 12 нафарӣ аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла раёсатҳои хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд, шуъбаҳои хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва минтақаи Рашт, қисмҳои мустақили ҳабикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии №27 оид ба муҳофизати ноҳияи Шаҳринав ва қисми оташнишонии №18 оид ба муҳофизати Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик»-и шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи намудҳои:
- Баромадан бо зинапояи муҳорибавӣ ба ошёнаи 4-уми манораи таълимӣ бо 2 кӯшиш (дар ҳайати 5 нафар варзишгарон);
- Давидан ба масофаи 100 метр бо монеаҳояш (дар ҳайати 5 нафар варзишгарон);
- Густариши муҳорибавӣ (дар ҳайати 1 даста бо 7 нафар варзишгарон) ва Эстафетаи оташнишонӣ 4х100 метр (дар ҳайати 1 даста бо 4 нафар варзишгарон) байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Натиҷаҳои мусобиқа нишон дод, ки ҷойи якумро Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, ҷойи дуюмро Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюмро қисми мустақили ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии №27 оид ба муҳофизати ноҳияи Шаҳринав ишғол намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини аввали сардори сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода барои ширкат дар мусобиқа ба варзишгарон изҳори минатдорӣ баён намуда, дар якҷоягӣ бо собиқадорони соҳа онҳоро бо Ҷому медал, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Маврид ба зикри хос аст, ки Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи Варзишӣ-касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таъсис додааст, ки он барои хадамот ҳамчун як дастоварди муҳим арзёбӣ мешавад.
Ташкилоти ҷамъиятии мазкур иттиҳодияи ихтиёрии кормандону шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси манфиатҳо барои татбиқи муштараки ҳадафҳо ва вазифаҳои оинномавӣ таъсис дода шудааст. Он мақоми иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ дошта, фаъолияташро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҷумҳурӣ амалӣ менамояд, ташкилотҳои ибтидоӣ, шаҳрӣ ва вилоятии худро дорад.
Раиси Федератсияи Варзишӣ-касбии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода бо 9 нафар аъзоёнаш интихоб гардидааст.
Тавре дар боло қайд кардем, вобаста ба натиҷаҳои нишондодаи беҳтарин дар мусобиқа, аз ҳисоби варзигарон дастаи мунтахаби хадамот ташкил карда мешавад, ки онҳо дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Самарқанд давлату миллати моро муаррифи хоҳанд кард.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика