Рӯзҳои 24-26-уми июн бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД дар якҷоягӣ бо Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, дар ноҳияи мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни наврасону ҷавонон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мусобиқаҳои гӯштини миллӣ, тенниси рӯйи миз, шашка ва шоҳмот доир гардид. Дар он варзишгарон аз раёсату шуъба ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Нахуст, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ба варзишгарон барору комёбиҳо таманно намуда, иброз дошт, ки хушбатона, давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми ҷумҳурӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
- Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ дар тамоми ҷумҳурӣ байни наврасону ҷавонон ва кормандони касбу кори гуногун мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд. Сабқатҳои навбатӣ низ аз чунин тадбирандешиҳо буда, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат менамоянд, - гуфт М. Саидзода.
Дар идома, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД полковники милитсия Зафар Салимов тамоми иштирокчиёнро бахшида ба 25-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, ба нафароне, ки саҳми хешро дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таъмини суботу оромӣ гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Ба андешаи мавсуф, чандин нафар кормандони милитсияи тоҷик баҳри барқарории сулҳ ҷони худро дареғ надошта, дар муқобили душманони дохилию хориҷӣ истодагарӣ намуданд.
Ногуфта намонад, ки заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ба ин рӯзҳои хурсандӣ ва нек моро расонид.
Лозим ба зикр аст, ки дар мусобиқаҳои кушоди варзишӣ таҳти шиори, «Интихоби ман ҳаёти солим ва нест бод нашъамандӣ!» зиёда аз 200 нафар варзишгар иштирок намуданд. Ҳамзамон, мусобиқаҳои мазкур дар доираи нақшаи кории муштараки ВКД ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе барои соли 2022 гузаронида шуданд.
Ҳамин тавр, дар намуди гӯштин дастаи Академия соҳиби ҷойи аввал, СХДО ҷойи дуюм ва РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар охир, дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавонону наврасон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар мусобиқаҳои идона ба ғолибият шарафёб гардиданд, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>