Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Ғолибони мусобиқа муайян шуданд

IMG 8513

Тавре қаблан иттилоъ дода будем дар партави чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ваҳдати миллӣ» роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишӣ ташкил намуд. Мусобиқаи футбол аз 14-ум то 24 –уми июн байни шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи Раёсат бо иштироки 14 даста барои дарёфти Ҷоми сардори Раёсат ҷараён гирифт, ки ҳадафи он ҷалби ҳайати шахсӣ ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Мусобиқа дар ду майдончаи варзишии Боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд таҳти назорати мураббиёни яке аз беҳтарин дастаҳои футзали ҷумҳурӣ «Сипар» гузаронида шуд. Барои дар сатҳи баланди варзишӣ гузаштани мусобиқа масъулини дастаи футзали «Сипар» ҷалб дар ташкил ва сифатнокии мусобиқа саҳмгузори намуданд. Тибқи реҷаи системаи даврӣ 14 дастаи иштиркчӣ дар ҳайати ду гуруҳ рақобати варзишӣ намуда, чор дастаи беҳтарину муваффақи мусобиқа, дастаҳои Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар натиҷа дастаи Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастаи Хадамоти шиносномавию бакайдгириро бо ҳисоби 3-1 ва дастаи Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ дастаи Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсиро бо ҳисоби 5:4 мағлуб карда иштирокчии давраи ниҳоӣ гаштанд. Нимаи дуюми рӯзи 24-уми июн бозии финалии мусобиқа байни дастаҳои ШКҶ ва ШҲТҶ доир гашт, ки дар дақиқаҳои аввал футболбозони Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо нишон додани бозии мураттабу зебо нисбат ба ҳарифон бартарият нишон дода аввалин шуда ҳисобро кушоданд. Ҳарчанд то охири мусобиқа майдондорию қувваи дастаҳо баробар буд чолокию тезкорӣ, ҳадафмандона идораи туп ва бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз омадан дар бозии ниҳоӣ дастаи Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ғолиби кулли мусобиқа гардонид.
Ҳамин тавр дастаи ШҲТҶ мақоми аввал, дастаи ШКҶ ҷойи дуюм ва дастаи ХШБ зинаи сеюми ифтихориро ба номи худ сабт карда, ғолибони мусобиқа эътироф шуданд.IMG 8605
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқа бозингарони фаъолу беҳтарин ва ташкилкунандагон бо иштироки сардори Раёсат генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов сурат гирифт.Дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи роҳбарияти Раёсат ба ғолибон медалу Сипоснома, туҳфа ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд. Ҳамчунин маҳорати варзишии аъзоёни дастаҳо дар алоҳидагӣ қадршиносӣ шуда ба дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва футболбози беҳтарин Сипосномаи сардори Раёсат ва туҳфа тақдим гардид.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика