Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсият ба шумор меравад

5

Ба ифтихори ҷашни «Рӯзи ваҳдати миллӣ», санаи 15 июни соли равон дар Раёсати ВКД вилояти Хатлон, бо ибтикори Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мусобиқаи варзишии “Сангбардорӣ” таҳти шиори" Варзиш ин ҳаракат барои саломатӣ", баргузор гардид.

Дар мусобиқа 16 дастаҳо аз ҳисоби кормандони дастгоҳи Раёсат, ҷузъу томҳои он, Шӯъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Ғолибон ба таври зайл муқаррар гардиданд: Дастаҳо: ҷойи 1-ум насиби дастаи ШКҶ Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, гардида, ҷойи 2-юмро дастаи ШВКД дар нохияи Ёвон ишғол намуд ва дастаи ШВКД ноҳияи Балхӣ соҳиби ҷойи сеюм гардид. Муовини сардори Раёсат полковники милитсия Назарзода Толибҷон ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа барои иштироки фаъолона ва омодагии хуб диданашон аз номи Роҳбарияти Раёсат дар чорабинии варзишӣ изҳори сипосу минатдории самимӣ баён намуданд. Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо Ифтихорнома, Сипоснома, Ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика