Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи даставии футбол бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

IMG 8444

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати ҷашни умумиллии «Рӯзи ваҳдати миллӣ», ки санаи 27- июн буда ҳамчун санаи таърихиву тақдирсоз барои халқи тоҷик шинохта шудааст мусобиқаи даставии футбол барои дарёфти «Ҷоми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд»-ро ташкил намуд. Дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Олимҷон Бурҳониён иштироку суханронӣ ва мақсади баргузории чорабинии варзиширо шарҳ дод. Мавсуф ҷалби кормандон ба намудҳои гуногуни варзишро омили пояндагии саломатӣ, авҷдиҳандаи нерӯ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим арзёби намуда таъкид дошт, ки варзиш дар реҷаи кории МКД мавқеи хос дошта ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.
Шуруъ аз 14-уми июн мусобиқаи футбол бо иштироки 14 дастаҳои шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат дар ду зергуруҳ оғоз ёфт. Баргузории мусобиқаи мазкур дар партави чорабиниҳо бахшида ба 25 солагии «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷараён гирифта ғолибон дар арафаи ин ҷашнвораи умумимиллӣ қадршиносӣ мешаванд.
Мусобиқа дар ду майдончаи варзишии Боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд таҳти назорати мураббиёни яке аз беҳтарин дастаҳои футзали ҷумҳурӣ «Сипар» ҷараён хоҳад гирифт. Мавриди зикр аст, ки барои дар сатҳи баланди варзишӣ гузаштани мусобиқа масъулини дастаи футзали «Сипар» ҷалб карда шуда, ҷиҳати ташкил ва сифатнокии мусобиқа саҳмгузори менамоянд.
Бозии дастаҳои Шуъбаи ташкилӣ-нозиротӣ ва Шуъбаи тиббии Раёсат оғозбахши мусобиқа гардид, ки ба пирӯзии дастаи Шуъбаи тиббӣ хотима ёфт. Ба ҳамин монанд дастаи Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастаи Шуъбаи кофтукови ҷиноятиро шикаст дод ва дастаи мачмуавӣ аз ҳисоби кормандони шуъбаҳои алоқа, таҳқиқу молия аз болои дастаи Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон пирӯз шуд.IMG 8442
Ҷараёни мусобиқа нишон медиҳад, ки дастаҳо омодагии хуб дидаанд. Тавре аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ иттилоъ доданд мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ гузаронида шуда ҳамарӯза ташкили аз чор то шаш бозӣ дар назар аст.
Тавре таъкид гардид ишғолкунандагони се зинаи ифтихорӣ соҳиби Ҷомӣ мусобиқа ва медалу туҳфа хоҳанд шуд. Бар замми ин маҳорати футболбозон дар алоҳидагӣ қадршиносӣ мешавад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика