Рӯзҳои 27-29-уми майи соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бахшида ба "Рӯзи ҷавонон" мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо дар байни ҷавонони то 23 сола баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ курсанти курси 4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Мирзоев Аюб Абдуқодирович иштирок намуда, аз худ малакаю маҳорати баланд нишон дода, соҳиби ҷойи сеюм гардид.
Мавриди қайд аст, ки Мирзоев А.А. пайваста ба машқу тамрин машғул гашта, дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мегардад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>