Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гиромидошти хотираи варзишгари маъруф

4O6A2638

Тӯли чанд сол мешавад, ки бо ташаббуси мақомоти корҳои дохилӣ, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ ва ватандӯстии варзишгарону кормандони ҷавон, такмили малакаю маҳорати варзишӣ ва устувор намудани робитаҳои дӯстию рафоқат мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини самбо байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи собиқ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Саймаҳмуд Маҳмарасулов баргузор мегардад.
Рӯзҳои 13-ум ва 14-уми майи соли ҷорӣ низ дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин (Манеж)-и шаҳри Душанбе мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба гӯштини самбо ба хотири гиромидошти Устоди шоистаи варзиш ва Корманди шоистаи ҷумҳурӣ Саймаҳмуд Маҳмарасулов доир гардид. Дар он намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсияи самбои ҷумҳурӣ, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и шаҳри Душанбе, собиқадорон ва дигар дӯстдорони варзиш ширкат варзиданд. Инчунин, дар ин чорабинӣ дӯстону наздикон, ҳамкорони собиқу шогирдони дар роҳи варзиш тарбиянамудаи шодравон ҷамъ омада буданд.
Дар ин мусобиқа 19 даста бо теъдоди 170 варзишгар ширкат доштанд.
Нахуст, дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Парвиз Собирзода суханронӣ намуда, ин сабқатро ба поси хотираи Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Саймаҳмуд Маҳмарасулов иқдоми нек муаррифӣ намуд.
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти ваколатдори соҳа аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ бо таҳия ва ба роҳ мондани як қатор нақшаю стратегияҳо баҳри беҳтарсозии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мамлакат корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Хушбахтона, имрӯзҳо варзиш хусусияти оммавӣ касб намуда, тамоми ниҳодҳо баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба роҳи рост раҳнамун сохтани ҷавонон ташаббусҳои неку шоиста нишон медиҳанд, - афзуд баромадкунанда.
Мавсуф ин мусобиқаро барои ташвиқу тарғиби гӯштини самбо ва рушду такомули минбаъдаи он дар ҷумҳурӣ, таҳкими дӯстию рафоқат байни ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо мусоидаткунанда номид.4O6A2655
Сипас, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД полковники милитсия Зафар Салимов иштироки фаъолонаи дастаҳои варзишӣ ва зери парчами варзишӣ сарҷамъ гаштани варзишгарону кормандони касбу ихтисоси гуногунро нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, рукнҳои давлатдорӣ, иродаи дӯстию рафоқат, пешгирии ҷинояткорӣ ва бо ин роҳ нигоҳ доштани сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар донист.
- Роҳбарияти ВКД дар партави амалисозии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва бо ин роҳ пешгирии ҷинояткорию нашъамандӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Нисбати беҳтаргардонии шароитҳои ба варзиш машғул гардидани варзишгарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар мақомот нисбат ба солҳои пеш толору майдонҳои варзишӣ ба маротиб бештар шудаанд, ки бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд, - гуфт З. Салимов.
Ба андешаи мавсуф, ба қадри хизматҳои шоёни паҳлавони машҳуру номӣ ва мураббии мумтозу варзида Саймаҳмуд Маҳмарасулов расидан қарзи мо - масъулони соҳа, шогирдону фарзандон ва устодону наздикони ӯ аст.
Дар мусобиқаи мазкур гӯштингирони вазорату идораҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ дар 8 дараҷаи вазн қувваозмоӣ намуданд. Пас аз натиҷаи қувваозмоии самбочиён, ғолибони онро доварони майдон муайян намуданд:
- Дар вазни 53 кг Сафарбеки Ҳукумалӣ ҷойи аввал, Иброҳим Обидов ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюмро Шаҳром Ҷобиров ва Арафот Асоев соҳиб гардиданд;
- дар вазни 58 кг Талабшо Мунавваров ҷойи аввал, Шаҳриёр Азорабеков ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюмро Пайравшоҳ Шоев ва Кароматулло Кароматов ба даст оварданд;
- дар вазни 64 кг мақоми аввалро Худобахш Сулаймонов, мақоми дуюмро Саъдӣ Собирзода ва ду зинаи сеюмро Муҳаммадхолиддин Ҷамилов ва Азиз Завқибеков соҳиб гардиданд;
- дар вазни 71 кг ҷойи якумро Иброҳим Алиев, ҷойи дуюмро Шаҳром Воҳидов ва ду ҷойи сеюмро Исроил Одиназода ва Сомирӣ Воҳидов ишғол намуданд;
- дар вазни 79 кг Субҳон Мирзомуродзода зинаи аввал, Мубориз Мунавваров мақоми дуюм, Неъматулло Қосимов ва Амирон Хоҷаев ҷойҳои сеюмро мушарраф гардиданд;
- дар вазни 88 кг Муҳаммад Мирзоев мақоми аввал, Ҳикматулло Абдуллоев ҷойи дуюм, Баҳриддин Икромов ва Озодӣ Носиров зинаҳои сеюмро мутаносибан соҳиб гардиданд;
- дар вазни 98 кг Осмонбек Куканиев ҷойи аввал, Азиз Зарифов ҷойи дуюм, Руслан Зарифбекзода ва Мирзоалии Музаффар зинаҳои сеюмро шарафёб гаштанд;
- дар вазни беш аз 98 кг Шоҳрух Амирхонзода ҷойи якум, Каромат Бекизода ҷойи дуввум, Наҷмиддин Сангаков ва Расулҷон Бачабеков зинаҳои сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамин тариқ, аз натиҷаи қувваозмоиҳо варзишгарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввал, тимҳои Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷойҳои дуюму сеюмро мутаносибан ба даст оварданд.
Ғолибони мусобиқа, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ дар маросими тантанавӣ бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Наврӯз ҶОБИРОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика