Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варзиш - омили солимӣ

 viber_2022-05-16_12-46-57-262

Бо мақсади ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷиноят байни ноболиғон, мутобиқи Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 апрели соли 2022 , «Баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ аз ҷумла бозиҳои гуногуни варзишӣ байни наврасону кӯдакон» пешбинӣ гардидааст.
Дар Литсейи давлатии рақами 1 шаҳри Бохтар, байни мактаббачагон мусобиқаи варзишӣ бо ибтикори Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз қабили «Шашка» ва «Шоҳмот» гузаронида шуд.
Иштирокчиёни ин мусобиқа, наврасону ҷавонон дар ин бозиҳо фаъолона бо завқи баланд, бозӣ карда маҳорати худро нишон доданд.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика