Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мусобиқаи гуштини миллии камарбандӣ дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

IMG 7764

Ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар чорабиниҳои фарҳангию варзишии оммавӣ баргузор карда мешавад, ки хоси иди ниёгон ҳастанд. Ингуна маъракаҳо ба Наврӯзи оламафрӯз шаҳомати хос бахшида ҳамчун анъанаи наврӯзӣ шинохта шудаанд. Алалхусус мусобиқаҳои гуногуни гуштингирӣ миёни меросбарони ҳавзаи Наврӯз маҳбубият дошта, яке аз оинҳои дустдоштатарини наврӯзӣ аст.
23-юми март дар варзишгоҳи марказии ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Олимҷон Бурҳониён, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва сардорони шуъбаҳои 1 ва 2 ВКД дар шаҳри Исфара полковники милитсия Набиҷон Исозода ва подполковники милитсия Анвар Раҳмонов бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии варзишӣ аз рӯи намуди гуштини миллии камарбандӣ баргузор гардид. Ташкилкунандагони ин чорабинии варзишӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, Шуъбаи 2 ВКД дар шаҳри мазкур дар якҷояги бо соҳибкорони маҳаллӣ бо мақсади риояи урфу одатҳои наврӯзӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ ва рушду нумӯи гуштини миллии камарбандӣ чорабинии варзиширо роҳандозӣ намуданд, ки дар ин минтақа маҳбубият дорад.
Дар мусобиқаи гуштингирӣ паҳлавонони зиёд аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Зафаробод, Истаравшан, Шаҳристон ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин гуштингирони вилоятҳои Фарғона, Намангон ва Андиҷони ҳамсоякишвари Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Мусобиқа бо шавқу шӯр баргузор гардида мардуми зиёди тамошобин шоҳиди нерӯсанҷии паҳлавонони номдори намуди гуштини камарбандӣ гардиданд. Дар оғоз қувваозмоии паҳлавонони наврас ва марҳила ба марҳила нерӯсанҷии паҳлавонони касбӣ рафти мусобиқаро ҷолибу диданӣ гардонид.
Ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои моливу пулӣ аз қабилӣ ашёҳои рӯзгордорӣ, чорвои калон ва майдаи шохдор, асп ва пули нақд ҳавасманд карда шуданд. Туҳфаҳо аз номи Вазири корҳои дохилӣ, Раиси вилояти Суғд, Раиси шаҳри Исфара, сардорони мақомоти милитсияи минтақа ба марраи мусобиқа гузошта шуда баъди ҳар як рақобат ғолиби қувваозмоӣ онро соҳиб мешуд. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 150 нафар паҳлавонони варзишгар иштирок намуданд.
Акбар шарифӣ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика