Рӯзи 4-уми март дар толори Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД маросими ҷамъбастии мусобиқаҳои кушоди варзишӣ аз намуди футболи хурд, гӯштини самбо, шашка ва шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ" доир гардид. Ин мусобиқаҳо бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, дар даври ҷамъбастӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ, намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин масъулини дигар корхонаю идораҳои давлатӣ ширкат варзиданд.
Нахуст, генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки роҳбарияти ВКД дар партави амалисозии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва бо ин роҳ, пешгирии ҷинояткорию нашаъмандӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Ин навбат, иштироки фаъолонаи дастаҳо аз зери як парчам сарҷамъ гаштани варзишгарону кормандони касбу кори гуногун худ нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, рукнҳои давлатдорӣ, азму иродаи дӯстию рафоқат, пешгирии ҷинояткорӣ ва нигоҳ доштани сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар мебошад.
Муовини Вазир дар идома афзуд, ки имрӯз аз тарафи Ҳукумати кишвар ҷиҳати ба варзиш машғул гардидани варзишгарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва таҳкими риштаҳои дӯстӣ баргузории мусобиқа ва дигар чорабиниҳои фарҳангию варзиширо бештар намуда истода, дар оянда низ ба ин самт таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир карда мешавад.
- Боиси хушҳолист, ки дар ин мусобиқа намояндагони вазорату кумитаҳо ва идораҳои мухталифи ҷумҳурӣ иштирок ва шумораи онҳо назар ба солҳои пеш зиёд гардид. Боварӣ дорам, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ кормандони ҷисман неруманд, ҷасур, чусту чолок кору хизмат менамоянд ва вазифаҳои бауҳдадоштаашонро дар сатҳи баланди касбӣ ба сомон расонида, баҳри ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон доимо омодаанд, - гуфт баромадкунанда.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи футболи хурд, футболбозон аз номи Вазири корҳои дохилӣ бо Ҷом, медал ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд ёдовар шуд, футболбозон тӯли як моҳ ба ду гурӯҳ - ҷавонон ва собиқадорон дар ҳайати 40 даста ба ҳам сабқат намуданд.
Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд миёни ҷавонон ҷойи аввалро дастаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» соҳиб шуд. Ҷойи дуюм ба тими "Динамо"-и ВКД ва ҷойи сеюм ба дастаи ширкати "Вавилон" муносиб дониста шуданд.
Дар ин намуд, инчунин миёни собиқадорон бошад, ҷойи аввалро дастаи «Вавилон», ҷойи дуюм ба футболбозони дастаи Тарабхонаи Бухоро ва зинаи сеюм насиби дастаи «Динамо»-и ВКД гашт.
Ҳамлагари мусобиқаи футболи хурд миёни собиқадорон Баҳодур Холиқзода аз дастаи «Динамо»-и ВКД дониста шуд. «Нишонзани беҳтарин» аз ин даста Шуҷоат Неъматов, «Бозингари беҳтарин» миёни ҷавонон Фарҳод Қодиров аз дастаи Бонки миллӣ ва «Дарвозабони беҳтарин» Фаридун Ғаниев аз дастаи шабакаҳои барқӣ дониста шуданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>