Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолнокии бонувон дар мусобиқаи теннис

IMG 8223

Бахшида ба Рӯзи модар дар ВКД мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди тенниси рӯйи миз миёни кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳайати 15 даста баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии он масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД баромад намуда, иброз доштанд, ки дар ҷомеаи имрӯза занону бонувон дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият мебаранд. Кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ паҳлӯ ба паҳлӯи родмардони Ватан хизмат намуда, дар рисолати таъмини амнияти шаҳрвандону мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми худро мегузоранд. Дар ин баробар, миёни кормандзанон варзишгарони зиёде ҳам ҳастанд, ки обрӯи ВКД-ро дар арсаи ҷумҳурию байналмилалӣ боло мебардоранд. Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави варзишгарон миёни кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин баҳри рушди варзиши кишвар, дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ миёни кормандзанон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тасмим гирифта шуд, ки мусобиқаи варзишӣ гузаронида шавад.
Пас аз сабқатҳо ғолибон муайян гардиданд. Ҳамин тавр, дар ин мусобиқа ҷойи аввалро сардори котиботи РОПҲНҶ-и ВКД капитани милитсия Мавҷуда Хусравзода, зинаи дуюмро сержанти хизмати дохилӣ Бибиҳамро Уроқова аз СХДО-и ВКД ва мақоми сеюмро ваколатдори оперативии ШАОИ-и ВКД капитани милитсия Соҷида Султоншоева соҳиб гардиданд.
Дар намуди даставӣ ҷойи аввал насиби дастаи РОПҲНҶ, ҷойи дуюм ба тими СХДО ва зинаи сеюм ба дастаи ШАОИ-и ВКД насиб гардид.
Дар фарҷом ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.IMG 8288

Тоҷиддин Латипов




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика