Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва омодагии рӯҳию равонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд, зеро тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад. Вобаста ба ин, аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар тамоми ҷузъу томҳои Сарраёсат барои ҳайати шахсӣ ҳамаи шароитҳои зарурии барои ба варзиш машғул шудан ва ташкилу дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ муҳайё карда шудааст.
Дар ин замина, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷисмонию рӯҳии ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ, сайқал додани қобилияти зеҳнии онҳо, рушду оммавигардонии варзиши намуди «Шоҳмот ва шашка», тарғиби ҳаёти солиму муайян намудани варзишгарони болаёқат барои дастаи мунтахаби Сарраёсат ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, 4-уми марти соли 2022 дар СХДО ВКД мусобиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот ва шашка таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим» дар байни кормандзанони ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ гарнизони Душанбе баргузор карда шуд.
Чорабиниро бо суханони ифтитоҳӣ сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода кушода эълон намуда, ба ҳайати доварон шафофияти рафти мусобиқа ва ба ҳамаи варзишгарон комёбию натиҷаҳои беҳтарини варзиширо таманно намуд.
Тибқи иттилои иҷрокунандаи вазифаи сардори Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат подполковники хизмати дохилӣ Давлатмурод Сангов мусобиқаи шахсӣ-даставии мазкур мутобиқи талаботи қоидаҳои байналмилалии ФИДЕ оид ба шоҳмот дар байни 15 дастаҳои ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ гарнизони Душанбе, иборат аз 53 нафар иштирокчиён баргузор гардида, дар он ҳайати дастаҳо аз 1-нафар шоҳмотбоз ва 4-нафар бонувони шашкабоз, ки сину солашон то 25, 35, 45 ва аз 45 сола боло мебошанд, байни худ қувваозмоӣ менамоянд.
Қобили қайд аст, ки чорабинии варзишӣ дар сатҳи хеле ҷолибу хотирмон ҷараён гирифта, тамошобинонро ба ваҷд овард. Тавре сардовари мусобиқа-муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ Шарифзода Шариф Мирсаид иброз намуд: бозии ҷолиби иштирокчиёни мусобиқа маҳз аз тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар яки онҳо ба чорабинии варзишӣ шаҳодат медиҳад. Ба ҳар як иштирокчӣ 15 дақиқа вақти муқаррарӣ ҷудо карда шудааст. Ҳайати доварон бояд ғолибони мусобиқаро дар ҳайати шахсӣ-даставӣ бо шумораи зиёди ишғолнамудаи ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм аз рӯи намудҳо, яъне бо шумораи зиёди холҳои гирифтаашон муайян намоянд. Дар ҳолати баробар будани нишондодҳо, ғолибият ба дастае дода мешавад, ки дар вохӯрии аввал ғолибиятро ба даст овардааст-афзуд сардовари мусобиқа.
Дар ҷамъбасти мусобиқа аз тарафи ҳайати доварон ҷойи аввал ба дастаи Маркази таълимии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҷойи дуюм ба дастаи Қисми махсуси минтақавии СХДО ВКД ва ҷойи сеюм ба дастаи Қисми мустақили 13-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Турсунзода сазовор дониста шуд.
Сипас муовини сардори СХДО ВКД майори хизмати дохилӣ Ҳалимҷонӣ Акмал ба ғолибони мусобиқа Ҷому Диплом ва Ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, барои иштироки фаъолона ва омодагии хубашон ба чорабинии варзишӣ ба тамоми варзишгарон изҳори сипосу минатдории самимӣ баён намуд.
Ҳамчунин мавсуф қайд намуд, ки мо роҳбарияти Сарраёсат итминони комил дорем, ки варзишгарони имрӯзаи хадамот анъанаҳои варзишии собиқадорони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Файзулло Комилов, Бобо Зоиров, Хайрулло Назриев ва дигаронро идома дода, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ низ фаъолона иштирок намуда, бо натиҷаҳои беҳтарини варзишӣ номбардорони давлату миллати тоҷик мегарданд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>