Дар мусобиқаи кушоди Муассисаи давлатии Мактаби маҳорати варзишии захираҳои олимпии №6-и шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллуди 2006-2008, ки рӯзҳои 18-19 феврали соли равон бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, дастаи гӯштингирони навраси “Динамо”-и ВКД фаъолона иштирок намуда, чандин мақоми ғолибиятро ба даст оварданд.
Ин сабқат бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва муайян намудани беҳтарин варзишгарон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 10 дастаи мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе бо теъдоди беш аз 100 нафар варзишгар ширкат доштанд.
Ҳамзамон, аз дастаи «Динамо»-и ВКД 15 варзишгар ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.
Аз миёни гӯштингирони навраси дастаи «Динамо», ки таҳти дастпарварии мураббии ботаҷриба Наврӯз Назарзода машқу тамрин менамоянд, ҷойҳои аввалро Фарухи Хуршед дар вазни 52 кг ва Аминҷон Қаҳҳоров дар вазни 44 кг ва ду ҷойи сеюмро Аҳмадшоҳи Хуршед дар вазни 44 кг ва Идрис Назарзода дар вазни 23 кг сазовор гардиданд.
Ғолибони мусобиқа бо медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Н. ҶОБИРОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>