Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мусобиқаи шашка ва шоҳмот оид ба дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»

4O6A8900

19-уми феврали соли 2022 дар бинои РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишӣ-даставӣ ва шахсӣ оид ба шашка ва шоҳмот, байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, Ҳукумати шаҳри Душанбе ва дигар корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахшида ба Рӯзӣ таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 15 даста ва зиёда аз 100 нафар варзишгарон баргузор гардид.

Варзишгарон ва дастаҳои онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Боиси қайд аст, ки аксар иштирокчиёни мусобиқаи мазкур занҳо буда, бештари ҷойҳои ифтихориро низ занҳо соҳиб гаштанд.

4O6A8755
Аз ҷумла ҷой 1-ум оид ба намуди шоҳмот;
-Ҳотамова Мутриба аз дастаи Ҳукумати шаҳри Душанбе;
Ҷои 2-юм оид ба намуди шоҳмот;
-Масҳабова Шукрона аз дастаи Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе;
Ҷои 3-юм оид ба намуди шоҳмот;
-Улуғхоҷаева Зебо аз Ҳукумати шаҳри Душанбе;

4O6A8763
Ғолибон оид ба намуди шашка;
1.Каримова Сарвиноз аз дастаи Ҳукумати шаҳри Душанбе
2.Асоева Шаҳло аз дастаи Вазорати нақлиёти ҶТ
3.Рақамова Роҳила аз дастаи ВКД ҶТ

4O6A8829
Байни мардон бошад ғолибон оид ба намуди шоҳмот;
1.Исмоилов Темур аз дастаи Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе;
2.Ҳусейнов Рашид аз дастаи Ҳукумати шаҳри Душанбе;
3.Ҷалолиддини Илҳом аз дастаи ВКД ҶТ;

4O6A8758
Ғолибон оид ба намуди шашка;
1.Ҳамдамов Суҳроб аз дастаи Ҳукумати шаҳри Душанбе
2.Зоидов Эраҷ аз дастаи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ
3.Олимҷони Баҳодур аз дастаи Вазорати мудофиаи ҶТ.

4O6A8862
Аз дастаҳои бошад ҷойҳои ифтихориро инҳо соҳиб гаштаанд;
1.Дастаи Ҳукумати шаҳри Душанбе
2.Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе
3.Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақсади баргузории чорабинии варзишӣ ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат маҳсуб меёбад.

4O6A8856
Ҳалимзода Сайдҷаъфар, махсус барои Сомонаи расмии ВКД.

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика