Варзиш - омили муҳими солимӣ ва машғул гардидан ба он ифодагари баҳамоӣ, сулҳу оромӣ ва таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни аҳли ҷомеа мебошад.
Бо ташаббуси роҳбарияти ВКД бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии “Динамо”-и ВКД гӯштини самбо, миёни кормандон ва варзишгарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ”, баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони дигар мақомоти қудратӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД полковники милитсия Зафар Салимов оғоз бахшида, варзишгарону иштирокчиёни мусобиқаро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо бурдборӣ таманно намуд.
Мавсуф дар баромади худ қайд кард, ки гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҷузъи муҳим ба шумор рафта, мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо дар байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва баланд бардоштани маҳорати варзишии кормандони ин ниҳодҳои қудратӣ ба шумор меравад.
Дар мусобиқа паҳлавонон аз ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ номнавис карда шуда, чорабинӣ дар ҳайати мураббиёни Федератсияи гӯштини самбо гузаронида шуда, гӯштингирон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Пас аз натиҷаи қувваозмоӣ, ғолибони онро доварони майдон муайян карданд.
Ҳамин тариқ, аз натиҷаи қувваозмоиҳо ва ғалабаҳои бадастовардаи гӯштингирон аз ҳисоби даставӣ, дастаи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ мақоми аввал, ҷойи дуюм насиби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зинаи сеюми сабқатро гӯштингирони Вазорати корҳои дохилӣ дар вазнҳои гуногун шарафёб гаштанд.
Дар охир ғолибони мусобиқа, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ дар маросими тантанавӣ бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>