Дар саҳни ҳавлии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД оид ба вазнбардорӣ байни ҷузъу томҳои ХДО гарнизони Душанбе баргузор гардид.
Қобили қайд аст, ки варзиш яке аз воситаҳои тарзи ҳаёти солим ва пешравии ҷомеа ба шумор рафта, дар баробари пешрафти фаъолияти ҳамарӯзаи ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус кормандони ХДО боз ҳам завқи онҳоро дар иҷрои касбу кор ва барои хизмат ба Ватан афзунтар менамояд. Боиси тазаккур аст, ки дар ин мусобиқа 12 дастаи хуб тайёрӣ дидаи гарнизони ХДО шаҳри Душанбе байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Чорабинии варзишӣ бисёр ҳам ҷолибу хотирмон доир гардида, ҷамъбасти натиҷаҳои он нишон дод, ки ҷойи аввалро варзишгарони қисми мустақили 27-уми ҲХДО оид ба муҳофизати ноҳияи Шаҳринав, ҷойи дуюмро варзишгарони ДА ҲХДО оид ба муҳофизати ноҳияи Варзоб ва ҷойи сеюмро қисми мустақили 1-уми ҲХДО оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ишғол намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ муовини сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Аминов Саидбек Азизович ва ёрдамчии сардори Сарраёсат оид ба варзиш ва омодагии касбӣ подполковники милитсия Шоҳиён Аслиддин ба ғолибони мусобиқа Ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуда, барои иштироки фаъолона ва омодагии хуб диданашон ба чорабинии варзишӣ ба тамоми варзишгарон изҳори сипосу минатдории самимӣ баён намуданд.
Ҷамшедӣ Ҷ.О.
СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>