Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва муайян намудани беҳтарин варзишгарон рӯзҳои 3-юм ва 4-уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2008 баргузор гардид.
Ин сабқат ба рӯзҳои таътили зимистонаи наврасон рост омада, дар он 10 дастаи мактабҳои варзишии пойтахт бо теъдоди беш аз 70 нафар варзишгар ширкат доштанд.
Ҳамзамон, аз дастаи «Динамо»-и 10 варзишгар иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, аз ҷумла, Шамсиддин Олимов дар вазни 52 кг, Исмоил Бозоров дар вазни 35 кг соҳиби мақоми аввал, Фаррухи Хуршед дар вазни 52 кг, Аҳмадшоҳи Хуршед дар вазни 44 кг сазовори ҷойи дуюм, Фарзоду Меҳрзод Юсуфӣ ҳар ду дар вазни 44 кг ва Муҳаммад Зоғаков дар вазни 38 кг мақоми сеюми мусобиқаро ба даст оварданд.
Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасону ҷавонон дар риштаи гӯштини дзюдо (ҷудо), тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва омоданамоии ҷудочиён ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД низ иштирок намуда, маҳорати худро санҷиданд. Дар натиҷаи қувваозмоиҳо динамочӣ Муҳаммад Худоиев, дар вазни -60кг миёни ҷавонон сазовори ҷойи аввал гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки ба ин намуди варзиш дар Тоҷикистон, бахусус дар мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар заминаи Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД шароити машғул гардидан ба гӯштини ҷудо боз ҳам беҳтар гардида, дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Н. Ҷобиров
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>