Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуҷанд: доир гардидани каратэ-до байни наврасон

 viber_2021-12-07_08-24-15-954

Дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақша-чорабинии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо дастгирии ҳамоҳангсози миллӣ ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон 5 декабри соли 2021 мусобиқаи кушод оид ба каратэ - до байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.
Мусобиқа дар ҳамкорӣ бо Федератсияи "Каратэ-до"-и вилояти Суғд ва бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд доир гардид. Мусобиқа дар Муассисаи таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, дар он варзишгарон дар ҳайати дастаҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок ва суханронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби омма, алалхусу наврасону ҷавонон ва духтарон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани дӯстии варзишгарон, баланд бардоштани маҳорат ва малака мебошад.
Дар охир ғолибон бо диплом, Ҷом ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамчунин барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинӣ ба барпокунанданон сипосномаҳои Шуъбаи корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд супорида шуд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика