Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойҳои ифтихории динамочиён

263599422 1172416086622041_3202944395752907678_n

Дастаи варзишии «Динамо», таҳти роҳбарии мураббии варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳмад Раҳмонзода дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба му-ай-тай, ки рӯзи 5 декабр доир гардид, ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.

Ин сабқат бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳким бахшидани дӯстию рафоқат доир гардида, дар он наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамин тавр, динамочиён Билолҷон Азимов дар вазни 55 кг ва Фараҳманд Одиназода дар вазни 70 кг соҳиби мақоми якум ва динамочии дигар Давлатмурод Азимов дар вазни 50 кг ҷойи дуюмро сазовор гаштанд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.

Н. Ҷобиров




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика