Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Динамочиёни тоҷик ғолиби сабқати Осиё

3

Дар Чемпионати Осиё-Уқёнус (Asia-Oceania Cadet Championships 2021) оид ба дзюдо, ки аз 2-юм то 5-уми декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, динамочиёни тоҷик Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни 81 кг соҳиби ҷойи дуюм ва Давлатҷон Назриев дар вазни зиёда аз 100 кг сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин мусобиқа байни наврасон 137 варзишгар ва миёни ҷавонон 127 варзишгар аз 17 кишвари Осиё ширкат карданд. Қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-3 декабр ва миёни ҷавонон 4-5 декабр баргузор гардид.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мусобиқаи наврасон 7 нафар ва ба мусобиқаи ҷавонон 9 нафар сафарбар шуданд.
Ҳамин тариқ, тими дзюдои Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон сазовори 8 медал - 1 тилло, 2 нуқра, 5 биринҷӣ гардид.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Муҳаммадҷон Абдуҷалилов рақобатро аз чорякниҳоӣ муқобили Ҳусам Ҳаблос аз Сурия шурӯъ карда, дар ин нерусанҷӣ бо ду «ваза-ари» (сэои нагэ) рақибро таслим кард ва ба нимниҳоӣ баромад. Дар нимниҳоӣ бошад, бар варзишгари Ҳиндустон - Моҳит Сеҳрават бо «иппон» пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт. Дар финал аз Шодмон Ризоев шикаст хурд ва барандаи нишони нуқра гашт.
Динамочии дигар, Давлатҷон Назриев дар чорякниҳоӣ аз Чон Ву-хёки кореягӣ шикаст хурд, вале дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар Ҷасим Албу-Фаради аз Ироқ дар 33 сония бо баҳогузории «иппон» дастболо ва сазовори медали биринҷӣ гардид.

 

Наврӯз Ҷобиров

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика