Дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобикаи кушоди «Ҷоми шаҳри Душанбе» оид ба каратэ-кёкшинкай байни кӯдакону наврасон, ки 21-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, иштироки фаъолона наумда, чандин мақомҳои ғолибиятро ба даст оварданд.
Ҷойҳои якумро варзишгарони наврас Усмон Саидов дар вазни 20 кило, Иброҳим Қодиров дар вазни 45 кило, Юсуф Одиназода дар вазни 50 кило ишғол наумданд.
Ҷойҳои дуюмро Умар Раҳмонзода дар вазни 25 кило, Юсуф Хоҷаев дар вазни 40 кило, Абдухалил Давлатов дар вазни 35 кило ва Билол Аминов дар вазни 27 кило ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, ҷойҳои сеюмро бошад, Иброҳим Мирзозода дар вазни 20 кило, Абдураҳмон Сафаров дар вазни 30 кило ва Абубакр Пирназарзода дар вазни 27 кило соҳиб гаштанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>