Рӯзи 18 ноябри соли 2021 бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар толори варзишии Муассисаи давлатии Маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (МАНЕЖ) мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнону румӣ байни наврасони солҳои 2004-2006 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он варзишгарон ва мухлисони ин намуди варзиш аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким иштирок ва суханронӣ намуд.
Мусобиқа идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>