Аз 28-уми октябр то 16-уми ноябри соли 2021 бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ миёни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мусобиқаи волейбол байни 12 даста ташкил ва гузаронида шуд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон ба туҳфаҳои хотиравӣ аз қабили Ифтихорнома, диплом, медал, Ҷом ва мукофотҳои пуллию молӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорон ба таври зайл муқаррар гардиданд: ҷойи 1-ум насиби СХДО Вазорати корҳои дохилӣ гардида, ҷойи 2-юмро Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ишғол намуд ва Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби ҷойи сеюм гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>