Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти гӯштингирон

253886926 1278255615930337_3561160386749860703_n

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва муайян намудани беҳтарин варзишгарон дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ мусобиқаҳои гуногун доир гардид.

Дар ин радиф шогирдони корманд ва мураббии Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД подполковники хизмати дохилӣ Наврӯз Назарзода маҳорати хуб нишон дода, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.
Аз ҷумла, рӯзҳои 6-7-уми ноябр дар маҷмааи Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштини шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2008 мусобиқаи гӯштини юнону румӣ доир гашт.
Дар мусобиқаи мазкур 10 даста бо теъдоди беш аз 120 нафар варзишгар ширкат доштанд. Аз дастаи "Динамо"-и ВКД Аминҷон Қаҳҳоров дар вазни 41 кг ва Мирзо Сулаймонов дар вазни зиёда аз 60 кг сазовори ҷойҳои якум гардиданд.
Инчунин, дар сабқати гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2005-2007, ки бо иштироки 20 даста бо теъдоди беш аз 200 варзишгар дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд доир гардид, динамочиёни наврас Низом Назарзода дар вазни 68 кг мақоми якумро ишғол намуда, Аминҷон Қаҳҳоров соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Ба ин монанд, дар мусобиқаи гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2004-2006, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Низом Назарзода соҳиби ҷойи якум ва Қосим Қосимов дар вазни 110 кг сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Қосим Қосимов дар чунин навъи сабқат дар шаҳри Хуҷанд низ мақоми сеюмро соҳиб шуд.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи гӯштини юнону румӣ байни ҷавонони солҳои таваллудашон 2001-2003, ки бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 20 даста аз шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ бо теъдоди беш аз 150 нафар варзишгар ширкат доштанд. Дар он аз дастаи "Динамо"-и ВКД Давлат Назриев дар вазни 130 кг мақоми сеюмро сазовор гардид.
Ғолибон бо медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Наврӯз ҶОБИРОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика