Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, обутоби ҷисмонӣ, ҷалби кормандони милитсия ба варзиш ва муайян намудани варзишгарони беҳтарину болаёқат бахшида ба таҷлили иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ - «Рӯзи милитсия» аз 1-ум то 8-уми ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд байни кормандони милитсияи пойтахт гузаронида шуд.
Мусобиқаҳои футболи хурд байни кормандони Дастгоҳи марказии Раёсат ва Шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти милитсияи пойтахт, дар ҳайати 10-даста баргузор гардида, варзишгарон аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Воқеан машғул шудан ба варзиш кафили саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба шумор рафта, баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ миёни кормандони милитсия боиси болидарӯҳию обутоби ҷисмонӣ ва чустучолокии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мегардад.
Дар ҷараёни мусобиқаҳои варзишӣ дастаҳо аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ҳар кадоме барои ишғол намудани ҷойҳои намоён рақобат намуданд.
Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи футболи хурд дастаҳои ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ сазовори ҷойи якум, ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ мақоми дуюм ва ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ мавқеи сеюмро ишғол намуданд, ки ғолибон бо Ҷом, Диплом ва медалу Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва шумораи зиёди ҳаводорону ихлосмандони соҳаи варзиш иштирок намуданд.
Тавре дар ин чорабинӣ муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Зоирзода Муродалӣ Қурбон иброз намуд: «Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ - баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, тақвияти дӯстию рафоқат байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, такмили маҳорати варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад».
Дар хотима кормандони мақомоти милитсия аз саъю кӯшиши Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии пойтахт дар самти гузаронидани ин гуна чорабиниҳои варзишӣ, ки пеш аз ҳама, ба дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамоянд, изҳори минатдорӣ намуданд.
Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>