Бо дастгириҳои бевосита ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, варзишгарони тоҷик бо ҳамаи шароитҳо ва имкониятҳои варзишӣ таъмин буда, ҳамасола ишғоли ҷойҳои намоёни варзишӣ дар миёни дигар кишварҳои ҷаҳон бо далели он аст, ки варзишгарони ҳамватани мо парчамбардорони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар партави сиёсати пешанамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри рушду нумӯи варзиш диққати махсус зоҳир намуда, пайваста дар ин самт чорабиниҳои гуногунро доир менамоянд.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия - иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар РВКД ВМКБ бо супориши сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, байни кормандони мақомоти корхои дохилии ВМКБ мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол баргузор гардид.
Мусобиқаи варзиширо муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Толеҳзода Аъзам Толиб ифтитоҳ бахшид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин бозиҳои варзишӣ такмили тарзи хаёти солим, тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ, ҷалби кормандон ба варзиш ва муайян намудани варзишгарони беҳтарин ва болаёқат аз рӯи намуди бозии варзишии волейбол роҳандозӣ гардидааст.
Дар мусобиқаи варзишӣ 10 дастаи бозингарон фаъолона ширкат варзида, барои ишғол намудани ҷойҳои намоён миёни ҳам бо як маҳорати баланди варзишӣ рақобат менамоянд. Бояд қайд кард, ки беҳтарин бозингарони мусобиқаи варзишии волейбол ва ғолибони мусобиқа, ки ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори РВКД дар ВМКБ бо Ифтихорномаву Сипоснома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
Дар ҳақиқат варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ буда, миёни варзишгарони ҷавон ва дигар қишрҳои ҷомеа рафоқат, ваҳдату бародариро равнақ бахшида, онро мустаҳкаму устувор менамояд. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар ВМКБ ба пешрафти ин соҳаи муҳими ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, барои инкишофи он тамоми чораҳоро роҳандозӣ менамоянд.
Чоршанбе Д.Н., майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>