Варзишгарони навраси аъзои дастаи «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чемпионати вилояти Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба каратэ-кёкшинкай байни наврасон, ки 31 октябри соли 2021 баргузор гардид, ширкат варзида, ба ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Динамочиёни наврас, ки ҳамагӣ 10 нафар буданд, маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, аз мусобиқаи мазкур бо 6 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.
Ҳамин тариқ, ҷойҳои якумро варзишгарон Ҳилол Аминов дар вазни 22 кило, Билол Саидов дар вазни 25 кило, Умар Бобоев дар вазни 27 кило, Муҳаммад Раҳмонзода дар вазни 30 кило, Билолҷон Азимов дар вазни беш аз 50 кило ва Фараҳманд Одиназода дар вазни 70 кило ба даст оварданд.
Наврасони дигар, Давлатмурод Азимов дар вазни 50 кило ва Юсуф Одиназода дар вазни беш аз 50 кило ҷойҳои дуюмро ишғол намуданд.
Билол Аминов дар вазни 25 кило ва Юсуф Хоҷаев дар вазни 35 кило бошанд, ба гирифтани ҷойҳои сеюм сазовор гаштанд.
Варзишгарони муваффақ бо медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Х. Солиҳов
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>