Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои таълимии шиноварӣ

1851

Дар шаҳри Хуҷанд машқҳои таълимии дастаҷамъонаи тими мунтахаби кишвар оид ба шиноварӣ ҷарён дорад. Дар ин тамринҳои таълимии дастаҷамъона, ки дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» аз 2-юми август оғоз ёфт, 11 нафар варзишгарони беҳтарини кишвар иштирок намуда, малакаю маҳорати варзишии худро сайқал медиҳанд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси роҳбари Федератсияи миллии шиноварии мамлакат Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишгарон ва омода намудани онҳо ба мусобиқаҳои дохилӣ ва чорабиниҳои варзишии бонуфузи байналмилалию ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардида, давоми ду ҳафта идома меёбад.
Ёдрас мешавем, ки 4 сол инҷониб аз тарафи Федератсияи миллии шиноварии кишвар бо мақсади рушду нумуи шиноварӣ чунин тамринҳои дастаҷамъона мунтазам гузаронида шуда, имконият фароҳам меорад, ки варзишгарон дар шароити мусоид маҳорати варзишии худро сайқал ва дар мусобиқаҳо фаъолона иштирок намоянд.

18521853

Мавриди зикр аст, ки санаҳои 14 ва 15-уми август дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ баргузор хоҳад шуд ва ташкили машқҳои дастаҷамъона як навъ омодагии варзишгарон ба мусобиқа хоҳад буд.

Акбар Шарифӣ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика