Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои варзишӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ

1846

Рӯзи 10 августи соли 2021 дар заминаи қисми ҳарбии 3502 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзи варзишгарон мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футбол, шиноварӣ, шашка ва шоҳмот байни хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ баргузор карда шуд.
Мусобиқаҳо тибқи тартиби қоидаҳои байаналмилалии намуди дахлдори варзиш аз ҷониби доварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ташкил ва гузаронида шуда, дар он афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва дигар воҳидҳои Раёсати қӯшунҳои дохилӣ маҳорати варзишии худро нишон доданд.
Мусобиқаи шиноварӣ аз намудҳои тарзи озод, пуштнокӣ ба масофаҳои 50 метр ва даставӣ сурат гирифта, дар умум шиноварони қисми ҳарбии 3502 ҷойи аввал, варзишгарони Дастаи алоҳидаи таъиноти махсус мақоми дуюм ва дастаи қисми ҳарбии 5453 мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамин тариқ, дар сабқати шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр ҷойҳои ғолибиятро варзишгарони дастаи қисми ҳарбии 3502: Солеҳ Одинаев, Юсуф Давлатов ва Беҳрӯз Холиқов мутаносибан соҳиб гардиданд.
Дар намуди пуштнокӣ ба масофаи 50 метр ҷойи аввалро Юсуф Давлатов аз дастаи қисми ҳарбии 3502, ҷойи дуюмро Фазлиддин Ғафуров аз дастаи Дастаи алоҳидаи таъиноти махсус ва ду ҷойи сеюмро Шараф Абдуллоев аз қисми ҳарбии 3503 ва Иномҷон Шафоатов аз қисми ҳарбии 5453 ба даст оварданд.

1847184818491850

Ғолибон дар маросими тантанавӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо Ҷом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
Мусобиқаҳои футбол ва шашкаю шоҳмот, ки марҳила ба марҳила доир гарданд, айни замон, идома доранд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика