Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд дар СХДО ВКД

1838

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Варзишгоҳи машқи-таълимии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27-уми июл то 04 августи соли 2021 мусобиқаи шахсӣ-даставии Сарраёсат оид ба футболи хурд дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе ташкил ва гузаронида шуд.

18391840

Дар мусобиқаи футболи хурд 12 дастаи ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе байни худ қувваозмоӣ намуданд. Тибқи иттилои муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД подполковники милитсия Шарифзода Шариф Мирсаид имрӯз дар вохӯрии ниҳоии иштирокчиёни мусобиқаи футболи хурд дастаи қисми мустақили 13-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Турсунзода бо дастаи қисми мустақили 54-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳраки Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои ишғол намудани ҷойи якум ва дастаи футболи хурди қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи футболи хурди қисми мустақили 14-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Ваҳдат байни худ рақобат намуданд. Мувофиқи натиҷаҳои вохӯрии ҷамъбастии дастаҳои варзишгарони футболи хурд ҳайати доварон ҷойи аввалро ба қисми мустақили 54-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳраки Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҷойи дуюмро ба дастаи футболи хурди қисми мустақили 13-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Турсунзода ва ҷойи сеюмро ба дастаи футболи хурди қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик»-и шаҳри Турсунзода сазовор донистанд.

1841

Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони мусобиқа, дар шароити тантанавӣ, аз тарафи муовини сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Сайдализода Аловуддин Зайнуддин ва дигар шахсони масъули СХДО ВКД Ҷому Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои қиматноки хотиравӣ супорида шуданд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика