Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мусобиқаи дзю-до байни варзишгарони наврас

1780

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасон дар риштаи гӯштини дзю-до, тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва омоданамоии дзюдочиёни наврас ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҷониби Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 17-18 июли соли 2021 бахшида ба таҷлили ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба гӯштини дзю-до байни наврасон таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ!» баргузор карда шуд.
Мусобиқаи варзишии мазкур дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» доир гашта, дар он беш аз 100 нафар варзишгарони навраси мактабҳои варзишии ш.Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб карда шуданд.
Қувваозоиҳо дар байни наврасони се синну сол: солҳои таваллуди 2006-2008, 2009-2010, 2011-2012 дар умум аз рӯи 18 вазн сурат гирифт.
Варзишгарони аъзои ШҶ «Динамо», шогирдони мураббиён Хайрулло ва Зариф Назриевҳо ва Аслон Худоиев аз худ маҳорату малакаи баланд нишон дода, дар маҷмӯъ ёздаҳ мақоми аввал, се ҷойи дуюм ва ду чойи сеюм ба даст оварданд.

17811782

Ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорномаҳои дараҷавӣ мукофотонида шуданд.

Х. Солиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика