Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо варзишгарони тими мунтахаби шиноварии кишвар

1463

Рӯзи 12 июл Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, варзишгарону намояндагони дастаи мунтахаби мамлакат оид ба шиновариро қабул намуда, бо онҳо вохӯрии судманд доир намуд.
Дар вохӯрӣ котиби генералии Федератсияи шиноварии ҷумҳурӣ Муҳаммадшо Абдуллозода, сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид ба шиноварӣ Муҳаммад Табаров, варзишгарони шиновар Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов, ки ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи батаъхирафтодаи шаҳри Токиои Ҷопон - 2020 роҳхат гирифтаанд, ширкат доштанд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода варзишгаронро барои омодагии ҷиддӣ дидан ва дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату малакаи касбии хеш дар ин чорабинии муҳими варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ҳидоят намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони шиновари кишварамон дар Олимпиадаи мазкур лоиқу сазовор баромад намуда, бо ишғоли мақомҳои ифтихорӣ номбардори кишвару Ватани хеш мегарданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, варзишгарон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Х. Солиҳов




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика