Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи ВКД оид ба гуштини тарзи «Самбо»

312

Рӯзҳои 5-6-уми апрели соли 2018, дар Муассисаи давлатии мактаби олии ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои гуштин мусобиқаи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба гуштини тарзи «Самбо» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхона ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи собиқ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД полковники мустаъфӣ Саймаҳмуд Маҳмарасулов ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқаро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки «Шуморо ба мусобиқаи кушоди Вазорати корҳои дохилӣ оид ба «Самбо» барои дарёфти ҷоизаи устоди варзиш, мураббии хизматнишондода, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфӣ Саймаҳмуд Маҳмарасулов, ки бо дастгирии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи «Самбо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст, хайрамақдам мегӯем!
Бо боварии том гуфта метавонам, ки ин мусобиқа бешак, барои ташвиқу тарғиби гӯштини Самбо ва рушду такомули минбаъдаи он дар ҷумҳурӣ, таҳкими дӯстию рафоқат байни ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Ба қадри хизматҳои шоёни паҳлавони машҳуру номӣ ва мураббии варзида Саймаҳмуд Маҳмадрасулов расидан, қарзи мо масъулони соҳа, шогирдону фарзандон ва устодону наздикони ӯ мебошад».
Дар ин чорабинӣ 20 даста ва зиёда аз 187 иштирокчӣ қувваозмоӣ карданд.
Натиҷа ба тариқи зерин муайян гардид.
Аз намуди даставӣ:
Ҷои якум ба дастаи «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷои дуюм ба КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷои сеюм ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисиб гардид.
Дар вазни 57 кг:
Ҷойи якум ба Ҷомии Ҳасан аз Муассисаи давлатии мактаби олии ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзишӣ (МҶМОВ), ҷойи дуюм ба Назриев Саидислом аз вилояти Хатлон ва ҷойҳои сеюм ба Файзуллоев Саҳобиддин (МҶМОВ) ва Исмоилов Эҳсон аз «Динамо»-и ВКД насиб гардид.
Дар вазни 62 кг:
Ҷои якумро Алиев Зафар (МҶМОВ), ҷойи дуюмро Давлатов Акмал (МҶМОВ), ҷойҳои сеюмро Мирзоев Азамат аз мактаби рақами 6 ва Холов Раҷабалӣ аз КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуданд.
Дар вазни 68 кг:
Ҷои якум ба Мирзоев Фирдавс аз вилояти Хатлон, ҷои дуюм ба Кенҷаев Маъруф аз КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойҳои сеюм ба Қаландаров М. (МҶМОВ) ва Ҷумаев Фирӯз аз шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд.
Дар вазни 74 кг:
Ҷои якум ба Шамсиддинов Субҳон аз КДАМ ҶТ, ҷои дуюм ба Сулаймонов Сорбон аз МҶМОВ ва ҷойҳои сеюм ба Наботов Сунатулло ва Меҳроби Абдувоҳид аз МҶМОВ насиб гардиданд.
Дар вазни 82 кг:
Ҷои якум ба Сафаров Башир аз Академяи ВКД, ҷои дуюм ба Каримзода Раҳмат аз «Динамо»-и ВКД, ҷои сеюм ба Маҳмадов Нуралӣ аз «Динамо»-и ВКД ва Раҳмонов Мақсуд аз КДАМ ҶТ сазовор дониста шуд.
Дар вазни 90 кг:
Ҷои якум ба Муродов Фарух аз Академяи ВКД, ҷои дуюм ба Расулов Худобахш аз МҶМОВ, ҷои сеюм ба Гафуров Аминҷон аз Академияи ВКД ва Умаров Асомиддин аз мактаби №6 сазовор дониста шуд.
Дар вазни 100 кг:
Ҷои якум ба Ҳабибуллоев Исмоил аз МҶМОВ, ҷои дуюм ба Мақсудов Шавкат аз КДАМ ҶТ, ҷои сеюм ба Эмомалии Муродалӣ аз КДАМ ва Раупов Имдод аз «Динамо»-и ВКД сазовор дониста шуд.
Дар вазни +100 кг:
Ҷои якум ба Сарфарозов Сарфароз аз «Динамо»-и ВКД, ҷои дуюм ба Шарипов Холмумин аз КДАМ ҶТ, ҷойҳои сеюм ба Шарипов Илҳом аз Вазорати мудофиа ва Халилов Зиёрат аз «Динамо»-и ВКД сазовор дониста шуд.

313314

Дар хотима ба ғолибон ҷоиза ва Сипосномаю Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Мавриди қайд аст, ки варзиш ин нишона аз солимии ҷомеа, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмию якдилӣ ва қувваю нерӯ мебошад.
Варзишгарони кишвар, бояд беш аз ҳарвақта баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфӯзи Ватани худ, муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки бо лаёқату истеъдоди худ парчамбардору номбардори ин диёру миллат гарданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика