Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи бандакашӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

304

Рӯзи 4-уми апрели соли 2018, аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди «Бандкашӣ» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхона ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018, баргузор гардид.

305306

Мусобиқа аз рӯи қоидаҳои қабулшудаи анъанаҳои миллӣ бо системаи олимпӣ гузаронида шуда, ҳайати ҳар даста аз 8 нафар мард иборат буд.
Дар мусобиқаи мазкур 10 даста бо 80 иштирокчӣ ширкат варзиданд, ки ҳамин тариқ ҷойи аввал насиби Хадамоти гумрук, ҷои дуюм насиби Вазорати мудофиа ва ҷои сеюм насиби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД гардид.

307

Ғолибон ва ҷоизадорон бо Ҷом ва туҳфаҳои хотиравии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика