Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди «Шашкаю Шоҳмот» муайян гардиданд

308

Мутобиқи Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-юми апрели соли 2018, мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди «Шашкаю Шоҳмот» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Мусобиқаи мазкур аз рӯи қоидаҳои байналмилалии РИДЕ аз намуди олимпӣ гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур 20 даста ва 95 варзишгар фаъолона ширкат варзиданд.

309310

Аз намуди даставӣ дар мусобиқаи «Шоҳмот» ҷои якумро Вазорати корҳои дохилӣ ишғол намуд. Ҷои дуюм насиби Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва ҷои сеюмро бошад Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон соҳиб гардид.
Аз намуди даставӣ дар мусобиқаи «Шашка» ҷои якум ба ВКД, ҷои дуюм ба Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва ҷои сеюм ба ҶСШК «Ҳумо» муяссар гардид.
Аз намуди инфиродӣ дар мусобиқаи «Шоҳмот» байни мардҳо ҷои якум ба Шерматов М., ҷойи дуюм ба Қурбонзода А. ва ҷойи сеюм ба Асоев Х. - кормандони ВКД мушарраф гардид.
Аз намуди инфиродӣ дар мусобиқаи «Шоҳмот» байни занҳо ҷои якумро Сайфиддинова Р. - корманди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Гулхайрова С. - корманди ВКД ва ҷои сеюмро Рӯзиева Т. – корманди ҶСШК «Ҳумо» ишғол намуданд.
Аз намуди инфиродӣ дар мусобиқаи «Шашка» байни бонувон ҷои якум ба Бердибекова Л., ҷои дуюм ба Разоқова Т. ва ҷои сеюм ба Ҷураева Б. – кормандони ВКД насиб гардид.

311

Аз намуди инфиродӣ дар мусобиқаи «Шашка» байни мардон ҷои якумро Сафарализода Т. – корманди ВКД, ҷои дуюмро Мирзодода К. – корманди Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва ҷои сеюмро Авазов Ш. – корманди ВКД ишғол намуд.
Ҳамин тариқ, ғолибон ва ҷоизадорон бо Ҷом, медал, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷониби роҳбарияти ВКД ва Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика