Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидҷалол Саидов шоҳҷоизаи "Ҷоми Пойтахт-2018"-ро ба даст овард

301

Саидҷалол Саидов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи кушоди гуштини миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои "Ҷоми Пойтахт-2018", ки 26-уми март дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе барпо гардид, бо шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрави тамғаи “Мерседес” - мукофотонида шуд.

302

Дар ин мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ паҳлавонон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат доштанд. Мусобиқа дар шаш вазн: -60 кг, -70 кг, -80 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг сурат гирифт.
Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои молии шаҳрдории Душанбе сарфароз гаштанд. Ба варзишгарон барои ҷойи аввал 3000 сомонӣ, барои ҷойи дувум 1500 сомонӣ ва барои ҷойи севум 1000 сомонӣ супурда шуд.
Барои шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави тамғаи “Мерседес” - паҳлавонони вазнашон аз 90 кило боло мубориза бурданд. Саидҷалол Саидов, ки дар қувваозмоии ҳалкунанда бар Абубакр Раҳмонов ғолиб омад, бо шоҳҷоиза мукофотонида шуд.
Қабл аз шурӯи мусобиқаи кушоди гуштини миллӣ барои "Ҷоми Пойтахт-2018" фестивал ё ҷашнвораи бозиҳои варзишӣ доир гардид. Дар ин фестивал варзишгарони хурду бузург ҳунари худро дар бахшҳои мухталиф ба намоиш гузоштанд. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи кушоди гуштини миллӣ барои "Ҷоми Пойтахт-2018" аз рӯи шаш вазн:
Вазни -60 кг
1. Сорбон Латифов
2. Хушқадам Хусравов
3. Ҷомии Ҳасан
Вазни -70 кг
1. Ориф Додов
2. Наврӯз Каримзод
3. Муҳаммад Мирзоев
Вазни -80 кг
1. Акмал Муродов
2. Мирзоҷамил Рамазонов
3. Раҳматулло Фарҳодов
Вазни -90 кг
1. Ҳоҷимашраб Раҳмонов
2. Зафар Олимшоев
3. Хуршед Шарифов
Вазни -100 кг
1. Саидҷалол Саидов – аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ.
2. Ҷумъахон Назриев - аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ.
3. Довуд Соҳибназаров
Вазни +100 кг
1. Абубакр Раҳмонов
2. Додохон Қурбоналиев
3. Одилҷон Сафаров

303

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи кушоди гуштини миллӣ барои “Ҷоми Пойтахт-2017” барои шоҳҷоиза дар рақобати ниҳоӣ Саидҷалол Саидов бо Комроншоҳи Устопириён рақобат карда, ӯро мағлуб сохта, шоҳҷоизаро ба даст оварда буд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика