Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба гуштини тарзи «Самбо»

298

Аз санаи 23 то 25-уми марти соли равон дар шаҳри Кӯлоб чемпионати ҷумҳурӣ оид ба гуштини тарзи «Самбо» бахшида ба ёддошти аввалин ғолиби мусобиқаи Иттиҳоди Шӯравӣ Авзалшо Олимов дар байни ҷавонони синну соли 1998-2001 аз тарафи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 110 паҳлавонон қувваозмоӣ намуданд.
Дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби 5 медали тилло, 4 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардид.
Дар вазни 48 килограмм:
Ҷойи якум ба Холов Амирҷон,
Ҷойи дуюм ба Қурбонов Эмомалӣ
Дар вазни 52 килограмм:
Ҷойи дуюм ба Зоиров Рамеш,
Дар вазни 57 килограмм:
Ҷойи сеюм ба Раҳимзода Фаррух.
Дар вазни 62 килограмм:
Ҷойи дуюм ба Раҳматуллоев Фирдавс,
Ҷойи якум ба Назриев Олим,
Дар вазни 74 килограмм:
Ҷойи якум ба Рӯзиев Абдулло,
Дар вазни 82 килограмм:
Ҷойи дуюм ба Корчаев Меҳроб,
Дар вазни 90 килограмм:
Ҷойи сеюм ба Муродов Фарух аз Академияи ВКД,
Дар вазни 100 килограмм:
Ҷойи якум ба Амирҷони Насим,
Ҷойи сеюм ба Назриев Давлатҷон,
Дар вазни +100 килограмм:
Ҷойи якум ба Назриев Шарифҷон насиб гардиданд.

299300

Дар хотимаи чемпионати ҷумҳурӣ оид ба гуштини тарзи «Самбо» ғолибон бо медал, Диплом ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика