Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони гуштини миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

296

Бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми манотиқи кишвар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва маданию оммавӣ баргузор гардиданд, ки ин маъракаҳо ба Наврӯзи оламафрӯз шукуҳу шаҳомати хоса бахшиданд.
Дар ин радиф мусобиқаҳои гуштини миллӣ, ки яке аз оинҳои наврӯзӣ ба шумор рафта, аз қадимулайём дар байни ҳалқи тоҷик машҳуру маъмуланд, роҳандозӣ гардиданд.
Санаи 22-юми марти соли 2018, дар ноҳияи Рашт ба муносибати таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаи гуштини миллӣ баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа паҳлавонон аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, барои ба даст овардани шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Мерседес» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа паҳлавони номдор Сайҷалол Саидов - аъзои дастаи мунтахаби «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо Ғазалшоҳи Давлат ба финал баромад, ӯро мағлуб сохт ва шоҳҷоизаро ба даст овард.
Ҳамин тариқ, рӯзи 25-уми марти соли равон, дар майдони «Пахтакор»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мусобиқаи байналмилалии гуштини миллӣ бахшида ба Иди Наврӯзи ҷаҳонӣ барои дарёфти шоҳҷоиза – автомашинаи «Мерседес» баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа, Сайҷалол Саидов - аъзои дастаи мунтахаби «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо се паҳлавони Ҷумҳурии Ӯзбекистон: Самипаҳлавон, Бахтиёр ва Болтабой қувваозмоӣ намуда, дар мусобиқа дастболо гардид.
Дар интиҳо, Сайҷалол Саидов бо Шоҳрух Амирхонов – корманди Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД барои ба даст овардани шоҳҷоиза – автомашинаи «Мерседес» муҳориба намуда, мағлуб гардид. Дар натиҷа, шоҳҷоиза насиби Шоҳрух Амирхонов гардид.

297

Дар рафти мусобиқа, ҳамчунин аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Шариф Назриев бо паҳлавон Хуршед Шарипов аз вилояти Суғд қувваозмоӣ намуда, ғолиб гардид.
Аъзои дигари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Ҷаҳонгир Маҷидов бо паҳлавони ӯзбекистонӣ Туронқул ба сабқат баромада, ғолибиятро ба даст овард.
Дар хотима ба паҳлавонони ғолиб шоҳҷоиза - автомашинаи «Мерседес», уштур ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Мавриди қайд аст, ки чунин мусобиқаҳои наврӯзӣ ҳамасола доир гардида, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар онҳо фаъолона ширкат варзида, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика