Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Идомаи баргузории чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба иди байналмилалии «Наврӯз» Ғолибони мусобиқа муайян шуданд

291

Тавре иттилоъ дода будем бахшида ба иди суннатиамон «Наврӯз» шуруъ аз 28-уми феврал дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишии даставӣ дар намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни зерсохторҳои мақомоти милитсияи минтақа бо иштироки 21 даста ташкилу баргузор гардид.
Ҷараёни мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ сурат гирифта дастаҳо барои ишғоли зинаҳои ифтихорӣ маҳорати варзишии худро нишон доданд.

292

Даври ниҳоии мусобиқа ва маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ дар варзишгоҳи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд санаи 19 март доир гашт. Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо пеш аз оғози бозии ниҳоӣ байни дастаҳои Раёсати ВКД ва ДТММ ба сухан баромада ҷузъи таркибӣ ва яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҳайати шахсӣ будани варзишро дар мақомоти корҳои дохилӣ таъкид намуд.
Ташкили мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш чандин сол аст, ки бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҳукми анъана даромада ба хотири ҷалби ҳайати шахсӣ ба варзиш ва обутоби бадан роҳандозӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад дар ҳама зерсохторҳои мақомот толору майдончаҳои варзишӣ бунёд шудааст, иброз дошт Қ.Назарзода.

293

Барои ба даст овардани ғолибият дастаҳои РВКД ва ДТММ, ки марҳила ба марҳила пирӯзӣ ба даст оварда ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, вориди майдон шуданд. Дар қисмати аввали бозӣ дастаи Раёсат 1 гол ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, ҳисоби бозиро кушод. Даври дуюми бозӣ хело шавқовар ва тамошобоб сурат гирифт. Ҳарчанд бо задани 2 гол бартарияти футболбозони дастаи Раёсат дида мешуд ин ҳисоб то охири бозӣ нигоҳ дошта нашуд. Бо задани 2 голи ҷавобӣ футболбозони ДТММ ҳисобро баробар намуданд ва мусобиқа бо ҳамин ҳисоби 2:2 хотима ёфт.
Аз рӯи тартиби баргузории мусобиқаҳои футболи хурд довар задани зарбаҳои 11 метраро барои муайян намудани ғолиб таъин намуд. Бо фарқияти як гол ДТММ дар мусобиқаи варзишии даставӣ дар намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» ғолиб гардид.

294295

Дар мусобиқаи мазкур ДТММ сазовори ҷойи аввал, РВКД мақоми дуюм ва футболбозони шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон зинаи сеюми ифтихориро соҳиб шуданд.
Дар фарҷом ба ғолибони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи роҳбарияти Раёсат медалу сипоснома ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд. Ҳамчунин маҳорати варзишии аъзоёни даста дар алоҳидагӣ қадршиносӣ шуда ба дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва футболбози беҳтарин Сипосномаи сардори Раёсат ва Ҷом тақдим гардид.

Акбар Шарифов
капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика