Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони мусобиқаи футболи хурд муайян гардиданд

289

Шурӯъ аз 28-уми январ то 16-уми марти соли равон дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 4 синну сол: наврасон, бонувон, ҷавонон ва собиқадорон, ки 62-дастаро ташкил дода, беш аз 900 варзишгар иштирок намуданд, ба чунин дастовардҳо ноил гардиданд.

290

Миёни футболбозони наврас ҷойи аввалро дастаи «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро дастаи «Варзоб» ва ҷойи сеюмро дастаи «Спитамен» ишғол намуданд.
Бозингарони беҳтарин миёни наврасон:
Дарвозабони беҳтарин - Кандақулов Зиёрат аз дастаи «Динамо».
Муҳофизатгари беҳтарин - Шарипов Ҷаҳонгир аз дастаи «Спитамен».
Ҳамлагари беҳтарин - Шарипов Абос аз дастаи «Варзоб»,
Нишонзани беҳтарин - Холзода Умед аз дастаи «Спитамен»,
Бозингари беҳтарин - Самадзода Амрулло аз дастаи «Динамо»
Миёни футболбозони бонувон ҷойи аввал насиби дастаи «Регар», ҷойи дуюм ба дастаи «Динамо» ва ҷойи сеюм насиби дастаи «Динамо-2» гардид.
Бозингарони беҳтарин миёни бонувон:
Дарвозабони беҳтарин - Бобоева Наргиса аз дастаи «Регар».
Муҳофизатгари беҳтарин - Саидамарова Луиза аз дастаи «Динамо».
Ҳамлагари беҳтарин - Мирзоева Муниса аз дастаи «Регар».
Нишонзани беҳтарин - Каримова Парвина аз дастаи «ДМТ».
Бозингари беҳтарин - Тошева Маҳина аз дастаи «ДДОТ».
Миёни футболбозон-ҷавонон соҳиби ҷойи аввал дастаи «МҲД шаҳри Душанбе», ҷойи дуюм дастаи ДМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро дастаи «Вавилон» соҳиб гардид.
Бозингарони беҳтарин миёни ҷавонон:
Дарвозабони беҳтарин - Ҳурматов Эраҷ аз дастаи «ДМ ВКД ҶТ».
Муҳофизатгари беҳтарин - Шарипов Амон аз дастаи «КДАМ ҶТ».
Ҳамлагари беҳтарин - Ҷумаев Шерзод аз дастаи «Вавилон».
Нишонзани беҳтарин - Сайфов Идрис аз дастаи «МҲД шаҳри Душанбе».
Бозингари беҳтарин - Шерматов Диловар аз дастаи «ДМ ВКД ҶТ».
Миёни футболбозон-собиқадорон ҷойи аввалро дастаи «АНДМ ва МК», ҷойи дуюмро дастаи «Барқи Тоҷик» ва ҷойи сеюмро дастаи «ДМ ВКД ҶТ» ноил шуданд.
Бозингарони беҳтарин миёни собиқадорон:
Дарвозабони беҳтарин - Мирзоев Анвар аз дастаи «АНДМ ва МК».
Муҳофизатгари беҳтарин - Абдуллоев Аҳлиддин аз дастаи «Барқи Тоҷик».
Ҳамлагари беҳтарин - Мирали Шарипов аз дастаи «АНДМ ва МК».
Нишонзани беҳтарин - Шарипов Суҳроб аз дастаи «шаҳри Ҳисор».
Бозингари беҳтарин - Неъматов Шуҷоат аз дастаи «ДМ ВКД ҶТ».
Дар хотима, ба ғолибон Ҷом, медал, Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика