Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишии «Муай Тай ва К-1» байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон

288

Санаҳои 16-ум ва 17-уми марти соли равон дар толори варзишии Маҷмааи алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба «Муай Тай ва К-1» байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» байни кӯдакону наврасон дар 23 категорияи вазнҳо ва дар байни калонсолон 18 вазн таҳти роҳбарии мураббии Шӯрои мазкур Шоев Фазлиддин Фахриддинович иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мусобиқа зиёда аз 14 даста ва 180 варзишгар ширкат варзида ба ҷойҳои зерин сазовор шуданд:
Ҷои 1-ум
Файзуллоев Шукрулло дар вазни 54 кг;
Сабзаков Комрон дар вазни 39 кг.
Ҷои 2-юм
Ҳомидов Салоҳиддин дар вазни 33 кг;
Мазитов Шукриаллоҳ дар вазни 44 кг;
Умаров Муҳаммад дар вазни 45 кг;
Ҷои 3-юм
Ғафуров Маҳмуд дар вазни 40 кг;
Тиллоев Далер дар вазни 30 кг;
Ҳамин тариқ, варзишгарон дар маҷмӯъ 2 ҷои 1-ум, 3 ҷои 2-юм ва 2 ҷои 3-юмро ишғол намуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика