Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзиши сабук байни намояндагони идораю корхонаҳои давлатӣ

284

Мутобиқи фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ Спартакиадаи ВКД дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД санаи 16-17-уми марти соли равон мусобиқаи варзиши сабук аз рӯи 4 намуди варзиши сабук доир гардид дар он намояндагони тамоми идораю корхонаҳои давлатӣ ва дигар хоҳишмандон қувваозмоӣ намуданд.

285

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соҳаҳои гуногуни рушди варзиш дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин аст, ки имрӯзҳо варзиш ҳамчун як рукни миллӣ ба ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии мо ворид гардида, бешубҳа дар радифи дастовардҳои истиқлолияти ватани азизамон мақоми хоса касб кардааст.
Дар ин мусобиқа 48 нафар мардон ва 24 нафар бонувон дар маҷмӯъ 72- нафар ширкат варзиданд.
Ғолибон ва ҷоизадорон бо тариқи зайл қарор гирифтанд:
Дав дар байни бонувон 100м
-ҷойи якум ба Абдуллозода Миҷгона, корманди Академия ВКД;
-ҷойи дуюм ба Назархонова Сайёра, корманди Академия ВКД;
-ҷойи сеюм ба Мирзоева Гулноза, корманди Академия ВКД насиб гардид.
Дав дар байни бонувон 1000м
-ҷойи якумро Бурҳонова Раҷабмо, корманди Академия ВКД;
-ҷойи дуюмро Назархонова Сайёра, корманди Академия ВКД;
-ҷойи сеюмро Атаханова Дилноза, корманди АНМН ишғол намуд.
Дав дар байни мардон 100м
-ҷойи якум ба Гулов Фатҳидин, корманди Гвардияи миллӣ;
-ҷойи дуюм ба Салимов Хайриддин, корманди Гвардияи миллӣ;
-ҷойи сеюм ба Холов Мусо, корманди Академия ВКД сазовор дониста шуд.
Дав дар байни мардон 3000м
-ҷойи якумро Мақсудов Баҳодур, корманди Академия ВКД;
-ҷойи дуюмро Сатторов Беҳруз, корманди РҚД ВКД;
-ҷойи сеюмро Қаюмов Илҳом, корманди Гвардияи миллӣ сазовор гардид.
Эстафета 4х100
-ҷойи якумро Академия ВКД;
-ҷойи дуюмро РҚД ВКД;
-ҷойи сеюмро СХДО ВКД ишғол намуд.
Даставӣ
-ҷойи якум ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ҷойи дуюм Гвардияи миллӣ;
-ҷойи сеюм ба АНМН мушарраф гардид.

286287

Дар хотима, ғолибон бо Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика