Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи «Вело-пробег»

278

17-уми марти соли 2018, бахшида ба пешвози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз гардиши кӯчаи Карамова то Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи «Вело-пробег» баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар варзишгар иштирок намуданд.

Аз он ҷумла, дастпарварони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳайати 8 нафар бо сарварии мураббӣ Батырши Ринат дар ин мусобиқа ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони гӯшаю канори шаҳри Душанбе, ҷавонон, дӯстдорон ва ҳаводорони ин намуди варзиш фаъолона иштирок намуданд.

279

Дар хатсайри ин мусобиқот мухлисони зиёд ҷамъ омада, варзишгаронро бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд.
Мавриди қайд аст, ки ин намуди варзиш рӯз аз рӯз дар байни ҷомеа тарғибу ташвиқ ёфта, мухлисони зиёдеро ба худ ҷалб намудааст.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо тариқи зайл қарор гирифтаанд:
-ҷойи дуюм Булаев Андрей;
-ҷойи сеюм Батырши Ринат;
-ҷойи панҷум Абдуллоев Комил.
Дар хотима ба ғолибон Дипломҳо тақдим карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика