Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гуштини миллӣ бахшида ба иди Наврӯз

246

Роҳбарияти ВКД ба рушди соҳаи варзиш, хусусан намудҳои гуногуни варзиши миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт чораҳои зарурӣ меандешад. Бо мақсади тарғиби гуштини миллӣ миёни ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандону варзишгарони корхонаю идораҳои давлатӣ рӯзи 15-уми март дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатӣ, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, таҳти шиори «Рушди сайёҳӣ - пешрафти кишвар» мусобиқаи гӯштини миллӣ доир гардид.
Дар оғоз мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ оид ба варзиш ва тайёрии ҳарбӣ полковники милитсия Ориф Ҷӯраев баромад намуда, меҳмонону варзишгаронро бо фарорасии Наврӯзи фархундапай табрик намуда, ташрифи онҳоро хайрамақдам гуфт. Мавсуф инчунин илова намуд, ки гӯштини миллӣ яке аз рамзҳои наврӯзӣ буда, дар кишварамон миёни пиру барно ҳаводорону мухлисони зиёд дорад.

247248

Дар ин мусобиқа 157 гӯштингир дар ҳайати 17 даста, аз рӯйи 6 вазн -60, 70, 80, 90, 100 ва аз 100 кг зиёд сабқат намуданд.
Ҳамин тавр, дар вазни 60 кг ҷойи аввал насиби А. Каримов аз Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД, ҷойи дуюм А. Шарипов аз дастаи «Динамо»-и ВКД ва ду ҷойи сеюмро Ш. Раҳмонов аз Вазорати адлия ва Сафарбеки Ҳукумалӣ аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шуданд.
Дар вазни 70 кг ҷойи аввал насиби М. Рамазонов аз Вазорати мудофиа, ҷойи дуюм ба Х. Маҳкамов аз «Динамо», зинаҳои сеюмро Х. Юнусов аз Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ва К. Муҳсинов аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов соҳиб гардиданд.

249250251

Дар вазни 80 кг ҷойи аввал насиби Ю. Каримов, ҷойи дуюм ба М. Маҳмадов ва ҷойи сеюмро М. Каримзода, ҳамагӣ аз «Динамо» ва ғолиби дигари ҷойи сеюм дар ин вазн Ҷ. Ёрматов аз Вазорати мудофиа мебошад.
Дар вазни 90 кг ҷойи якум ба Исфандиёри Хайриддин аз Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи дуюм ба А. Очилдиев аз Вазорати мудофиа ва зинаҳои сеюмро А. Сафаров ва М. Раҳимов, ҳарду намояндаи Вазорати мудофиа ба даст оварданд.
Дар вазни 100 кг ҷойи аввал насиби Ҳ. Олимов аз «Динамо» ва ҷойи дуюм ба С. Камолов аз Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳиди таъиноти махсуси ВКД ва ҷойи сеюм насиби Ф. Давлатов аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гардид.
Дар вазни зиёда аз 100 кг ҷойи аввал ба Шоҳрух Амирхонов аз Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи дуюм ба Сарфароз Сарфарозов аз Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳиди таъиноти махсус ва ҷойҳои сеюмро К. Каримов, намояндаи Кумитаи андоз ва Х. Алиев аз дастаи «Динамо» сазовор гардиданд.
Дар байни дастаҳо бошад, ҷойи аввалро дастаи ВКД, ҷойи дуюмро дастаи Вазорати мудофиа ва ҷойи сеюмро бошад, дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов соҳиб гардиданд.
Дар охир ба ғолибон аз номи роҳбарияти ВКД «Ифтихорнома» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика