Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаҳои наврӯзӣ

271

Тибқи нақша-чорабиниҳои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Иди байналмилалии Наврӯз» шурӯъ аз 13-уми марти соли равон дар байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхона ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳо аз намуди гуштини миллӣ, варзиши сабук, сангбардорӣ, бандкашӣ, шиноварӣ ва шашкаю шоҳмот гузаронида мешаванд.
Зимни оғози сабқатҳо дар қуръапартоӣ довар Сарахон Раҳимов мақсади баргузории муобиқаҳоро ба ҳозирин шарҳ дода, иброз намуд, ки доир намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ баҳри баланд бардоштани малакаи касбии кормандони тамоми сохторҳои қудратӣ ва давлатӣ мусоидат менамояд.
Инчунин мураббӣ оид ба самбо, майори хизмати дохилӣ Каримҷон Мерганов тартиби гузаронидани мусобиқаҳои варзиширо ба мураббиёну мутасаддиён фаҳмонида, ба онҳо барору мувафаққият таманно намуд.
София ШОИКОВА




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика