Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи идонаи тенниси рӯйи миз

267

Рӯзи 6-уми март бахшида ба «Рӯзи Модар» дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди тенниси рӯйи миз байни кормандзанони милитсия, таҳти шиори "Оилаи солим - миллати солим" доир гардид.

268

Нахуст муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо" подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа миёни бонувони мақомоти корҳои дохилӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва дастгирии занони варзишгар мебошад. Мавсуф занону бонувонро ба муносибати рӯзи идашон табрик гуфта, ба онҳо барои ширкат дар мусобиқаи мазкур муваффақиятҳо таманно намуд.

269

Бояд ёдовар шуд, ки дар мусобиқаи тенниси рӯйи миз 20 даста дар ҳайати 40 варзишгар иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ, Д.Бекова аз Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ба гирифтани ҷойи аввал сазовор дониста шуд. Зинаи дуюм ба З.Исматшозода аз Раёсати таҳқиқи ВКД ва ҷойи сеюмро бошад, М.Имомбердиева - намояндаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ишғол намуданд.

270

Аз намуди даставӣ бошад, ҷойи аввал ба дастаи Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсус, ҷойи дуюм ба дастаи Раёсати таҳқиқ ва ҷойи сеюмро СХДО сазовор гардид.
Дар охир ба ғолибон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
София ШОИКОВА




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика