Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи волейболбозон дар СХДО

Бахшида ба ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз, соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯзҳои 5-ум то 7-уми марти соли равон дар варзишгоҳи машқӣ - таълимии Раёсати ХДО-и шаҳри Душанбе мусобиқаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташонишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки дар ин мусобиқаҳо 17 даста аз Сарраёсат ва ҷузъу томҳои он фаъолона ширкат варзиданд.

Дар рафти чорабинӣ дастаҳо маҳорати баланд нишон дода, ҳар як даста саъю кӯшиш менамуд, ки ҷойи намоёнро ишғол намояд.
Дар ҷараёни мусобиқа ҷойи аввалро дастаи Қисми мустақили - 25 оид ба муҳофизати ҶСК НБО «Роғун», ҷойи дуюмро Қисми мустақили - 14 оид ба муҳофизати шаҳри Ваҳдат ва ҷойи сеюмро дастаи Қисми мустақили - 15 оид ба муҳофизати ноҳияи Рӯдакӣ ишғол намуданд.
Муовини аввали сардори Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Салоҳиддинзода Қ.С. ба ҳамаи варзишгарон барои иштироки фаъолона изҳори минатдорӣ намуда, ба ғолибони мусобиқа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Толиб Ҳаётов, Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика