Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо шиноварони вилояти Суғд

267

Имрӯз (1.03.с.2018) зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд Вазири корҳои дохилӣ, Президенти Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, аз ҳолати машқу тамринҳои варзишгарони тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ шинос шуд. Вобаста ба шарту шароити тамрин ва ҳолати омодабошии шиноварон пурсон шуда, роҳбари Федератсия ба онҳо дастур дод. Варзишгарон барои фароҳамсозии муҳити созгори обутобёбӣ миннатдорӣ намуда, оиди нишондиҳандаҳои варзишӣ ба Вазири корҳои дохилӣ ҳисобот доданд.
Қайд гардид, ки ҳолати омодабошии варзишгарон таҳти назорати роҳбарияти Федератсияи шиноварӣ буда, аз онҳо танҳо такмил додани маҳорати варзишӣ ва ба даст овардани пирӯзӣ дар мусобиқаҳо интизор аст.
Тибқи нақшаи Федератсия дар соли ҷорӣ гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар назар аст, ки боз чеҳраҳои нави муаррификунандаи ин намуди варзиш дарёфт гардад ва ҳар як варзишгар тавонад бо иштирок дар мусобиқа дастовардҳои варзишиашро бисанҷад ва аз болои худ кор кунад.

268

Шиноварон, аъзоёни тими мунтахаби Тоҷикистон давоми чанд рӯз дар ҳавзи шиноварии осоишгоҳи «Баҳористон» маҳорати худро барои иштирок дар мусобиқаи Осиё, ки дар шаҳри Ҷакартаи давлати Индонезия мегузарад такмил доданд, аз нишондиҳандаҳоии варзишии худ ба Президенти Федератсия маълумот доданд.
Аз ҷониби роҳбари Федератсия изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ба варзишгарон муваффақиятҳо орзу намуд.
Дар хотимаи мусобиқа варзишгарон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ бо тӯҳфаҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Акбар Шарипов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика