Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи футболи хурд дар шаҳри Хуҷанд

018

Аз 28-уми феврали соли равон, дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишии даставӣ дар намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» байни зерсохторҳои мақомоти милитсияи минтақа оғоз ёфт. Маркази маъмурии вилоят шаҳри Хуҷанд макони баргузории чорабинии варзишӣ интихоб шудааст.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ориф Ҷураев, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Абдураҳмон Муборакқадамзода иштирок ва суханронӣ намуда, мақсади баргузории чорабинии мазкурро, ки бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби кормандон ба варзиш ва обутоби ҷисмонии онҳо ташкил шудааст, арзёби карда, ба иштирокчиён барору комёбӣ хостанд.

019

Дар мусобиқа 21 дастаи шуъба ва ҷузъу томҳои ВКД аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» маҳорати футболбозии худро нишон хоҳанд дод. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳамарӯза то санаи 5-уми марти соли равон, дар майдонҳои хурди замонавии футболбозӣ мусобиқа ҷараён мегирад.
Баъди вохӯрии ниҳоӣ дастаи ғолиб соҳиби Ҷом ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти мусобиқа гардида, минбаъд дар ин намуд мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз тарафи ВКД роҳандозӣ мешаванд, вилояти Суғдро намояндагӣ мекунад.

020

Ин намуди варзиш дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳбубияти хос дошта, бо назардошти сайқал додани маҳорати футболбозии ҳайати шахсӣ бо дастури Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам чунин мусобиқаҳо ташкил карда мешавад.

Акбар Шарифов
капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика